забондарозӣ — [زبان درازي] сифат ва амали шахси забондароз; даҳанкалонӣ; гапкалонӣ: забондарозӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
арразабон — [اره زبان] 1. он чи ба дандонҳои арра монанд аст 2. маҷ. теззабон, забондароз, бадзабон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забон — [زبان] 1. узви дохили даҳон, ки барои ба гулӯ фурӯ додани ғизо, донистани таъм ва инчунин дар инсон барои нутқ хизмат мекунад 2. маҷмӯи воситаҳои овозӣ ва луғавию дастурӣ, ки натиҷаи кори тафаккурро инъикос намуда, алоқа ва мубодилаи афкори… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забонкӯтоҳ — [زبان کوتاه] он ки бо айбе ё гуноҳе ба гап задан ҷуръат надорад; муқоб. забондароз; муттаҳам … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қулоч — [قلاچ] т. фосилаи байни ду нӯги дастони ба ду тараф ёзондашуда, ки ченаки дарозӣ ҳам ҳисоб мешавад; як қулоч а) ба андозаи дастони ба ду тараф васеъ кушода; б) киноя аз чизи дарозу муфассал: аз болои касе як қулоч шикоят навиштан; қулоч кардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
салотат — [سلاطت] а. кит. забондарозӣ, серҷоғӣ, ҷангара будан (оид ба зан) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фузул — [فضول] а. он ки бесабаб ба кори дигарон мудохила мекунад; забондароз, пургӯй … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фузулӣ — [فضولي] кит. сергапӣ, забондарозӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ